Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон дар нишасти Чикаго иштирок мекунад


Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон дар конфронси сарони паймони НАТО дар Чикаго ширкат хоҳад кард.

Сухангӯи сафорати Покистон дар Вошингтон рӯзи сешанбе изҳор дошт, раиси ҷумҳури ин кишвар дар нишасти сарони паймони низомии НАТО, ки рӯзҳои 20-21 моҳи май баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар ин конфронс ояндаи равобити НАТО бо Афғонистон баъд аз соли 2014, баррасӣ хоҳад шуд.

Муносибат миёни Покистон ва НАТО баъд аз ҳамлаи ҳавоӣ ба як постгоҳи низомӣ воқеъ дар марз бо Афғонистон дар моҳи ноябри соли гузашта, ки ба марги чандин сарбози покистонӣ анҷомид, муташанниҷ шуд. Дар посух Покистон роҳи икмолотии худро ба рӯи корвонҳои НАТО дар Афғонистон баст ва хоҳони қатъи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар қаламрави ин кишвар гардид.

Покистон дар эътироз ба ин масъала дар конфрониси дуввуми Бонн ҳам иштирок накард ва овозаҳое вуҷуд дошт, ки дар нишасти Чикаго ҳам ширкат накунад. Аммо эъломияи сафорати Покистон дар Вошингтон нодурустии ин овозаҳоро нақше бар об кард.

Қабл аз ин сухангӯи НАТО гуфта буд, ки ин паймон аз раиси ҷумҳури Покистон ба таври расмӣ даъват намудаааст, то дар нишасти Чикаго иштирок намояд. Ба гуфтаи сухангӯи НАТО, кишварҳои узви ин паймон ба ин назар ҳастанд, ки ҳузури Покистон дар ин нишаст муҳим аст ва ин кишвар бояд даъват шавад.

Сухангӯи раёсати ҷумҳури Покистон Фарҳатуллоҳ Бобур гуфт, дирӯз баъд аз зуҳр дабири кулли НАТО Андерс Фог Росмуссен бо раиси ҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ телефонӣ сӯҳбат дошт ва аз ӯ даъват намуд то дар конфронси Чикаго иштирок намояд.

Як дипломати НАТО, ки нахост номаш зикр шавад, гуфтааст, ин даъватнома як навъ ташвиқ барои Покистон мебошад, ки роҳҳои мувосилотиро бар рӯи корвонҳои икмолотии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон боз намояд.

Кумитаи дифои кобинаи Покистон, ки як ниҳоди низомӣ ва мулкӣ мебошад, дар поёни баррасиҳои худ рӯзи сешанбе пешниҳод намуд, ки раиси ҷумҳури ин кишвар Осиф Алӣ Зардорӣ дар конфронси Чикаго иштирок намояд. Ин ниҳод ҳамин тавр «чароғаке»-ро нишон дод, ки ба зудӣ роҳҳои мувосилотии ин кишвар ба рӯи корвонҳои икмолотии НАТО боз хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG