Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иванов:40 фоизи иқтисоди Осиёи Марказӣ ҷиноист


Виктор Иванов
Виктор Иванов
Раҳбари хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия гуфтааст, ки то 40 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳисоби фаъолиятҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла аз тиҷорати маводи мухаддир ба даст меояд. Виктор Иванов дар ҷаласаи куммиссиюни рушд ва иҷрои барномаҳои мубориза бо маводи мухаддири ҳукумати Русия гуфт, бояд ин фаъолиятҳои ҷиноии иқтисодиро бо эҷоди «иқтисоди солим» иваз кард. Генерал Иванов 22 тарҳи зидди маводи мухаддири Русия дар Осиёи Марказиро замонати ҳифзи манфиатҳои Маскав дар ин минтақа номид ва аз сармоядорони рус даъват кард, дар ин паҳно фаъолтар бошанд. Ба ақидаи Иванов, «меъёрҳои беҳтари зиндагӣ калиди табдили иқтисоди мабнӣ бар маводи мухаддир дар Осиёи Марказист.» Ӯ ба сармоядорони рус ваъда дод, ки дар ин минтақа «сипари муҳкам» хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG