Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзуна Чориева - дар даври ниманиҳоии сабқати ҷаҳонӣ


Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи VII қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Чин ҷараён дорад, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Мавзуна, ки баъди се пирӯзӣ дар рақобатҳо дар вазни то 60 кг соҳиби роҳхат ба Олипиадаи Лондон-2012 гардид, имрӯз, 16-уми май, дар даври чорякниҳоӣ бар Эстелле Моссели (Фаронса) аз рӯи холҳо бо ҳисоби 20:12 ғолиб шуд ва ба нимфинал баромад. Ӯ, ки ҳадди ақал бо медали биринҷӣ мукофотонида хоҳад шуд, муборизаро барои унвони қаҳрамони ҷаҳон идома медиҳад.

Рақиби Мавзуна дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзи 18-уми май барпо мегардад, муштзани Ирландия Кэти Тейлор, қаҳрамони феълии ҷаҳон, мебошад. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ бар Миҳаэла Лакатус (Руминия) пирӯз шуд.

Дар қувваозмоии дигари ниманиҳоӣ Софя Очигава (Русия) ва Наташа Ҷонас (Инглистон) рақобат мекунанд. Дар даври чорякниҳоӣ Очигава бар Адриана Арауҷо (Бразилия) бо ҳисоби 15:6 ва Ҷонас бар Ингрид Эгнер (Норвегия) бо ҳисоби 23:9 ғолиб омаданд.

Ёдовар мешавем, ки Мавзуна дар нахустин даври мусобиқа бар муштзани Беларус Алла Яршевич дар раунди чорум бинобар бартарии комил ғалаба кард. Вай дар даври баъдӣ Каролина Грасюки лаҳистонӣ, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2010-умро ро аз рӯи холҳо бо ҳисоби 20:10 (1:1, 6:2, 5:2, 8:5) шикаст дод. Мавзуна дар даври ҳаштякниҳоӣ бар Антонина Шевченко (Қирғизистон) аз рӯи холҳо бо ҳисоби 10:2 (5:1, 5:1, 0:0, 0:0 ) дастболо шуд.
XS
SM
MD
LG