Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ҳейг мурофиаи Младичро аз сар гирифт


Младич дар курсии айбдории додгоҳи Ҳейг
Младич дар курсии айбдории додгоҳи Ҳейг
Имрӯз дар Додгоҳи Ҳейг мурофиаи фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Босния Ратко Младич аз сар гирифта мешавад. Младичи 70-сола ба 11 ҷинояти марбут ба наслкушӣ, ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башарият дар солҳои 1992-1995 дар даврони ҷанги Босния айбдор мешавад. Тафтишот мегӯяд, Младич бо ҳадафи таъсиси «Сербистони бузург» ба «поккорӣ»-и шаҳрҳои хорвату мусалмоннишини Босния ҳамдастӣ мекард. Ӯ аз ҷумла дар қатли омми ҳудуди 8000 мардону наврасони мусалмони сокини Сребренитса дар соли 1995 ва муҳосираи Сараево, ки 44 моҳ идома кард, муттаҳам мешавад. Младич, ки соли гузашта баъди 16 соли фирор дар Сербистон боздошт шуд, ин иттиҳомотро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG