Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳдои 1500 китоби академик Боголюбов ба Тоҷикистон


Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Дар як маросим дар Санкт-Петербург беш аз 1500 китоб аз китобхонаи хусусии ховаршиноси маъруфи рус академик Михаил Боголюбовро ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо кардаанд. Назар Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Петербург ба РО гуфт, эҳдои ин китобҳо ба Тоҷикистон васияти худи Боголюбов буда, бо ибтикори фарзандони ӯ – Николай ва Алексей – сурат гирифт. Академик Боголюбов, ки 2 сол пеш даргузашт, тайи 35 сол раҳбарии риштаи шарқшиносии донишгоҳи Петербургро ба дӯш дошт ва дар бораи дастхатҳои кӯҳи Муғи Панҷакент ва забони яғнобӣ рисолаҳои пурарзиш навиштааст.
XS
SM
MD
LG