Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин дидори Франсуа Олланд ва Ангела Меркел


Раисиҷумҳури нави Фаронса, Франсуа Олланд, дар Берлин бо сарвазири Олмон, Ангела Меркел, мулоқот кард. Ду раҳбар изҳор доштанд, ки мехоҳанд, Юнони гирифтори бӯҳрон дар минтақаи евро боқӣ бимонад, аммо ба назар мерасид, нигоҳи онҳо ба роҳҳои ҳалли бӯҳрон дар ин минтақа гуногунанд. Дар нишасти муштараки матбуотӣ Меркел гуфт, ду раҳбар вазъи иқтисодии Аврупо ва бӯҳрони сиёсии Юнонро баррасӣ карданд. Вай афзуд, ҳарду кишвар, ҳам Фаронса ва ҳам Олмон хостори инанд, ки Юнон аз минтақаи евро хориҷ нашавад.
XS
SM
MD
LG