Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мегӯяд, 40%-и даромади Осиёи Марказӣ ҷиноист


Раҳбари хадамоти зидди маводи мухаддири Русия гуфт, то 40 дарсади даромади нохолиси миллии Осиёи Марказӣ аз фаъолиятҳои ҷиноӣ, бахусус тиҷорати ғайриқонунии маводи муахддир сарчашма мегирад. Виктор Иванов гуфт, зарурате пеш омадааст, ки ҷои чунин манбаъҳои даромадро “иқтисодиёти дуруст” ишғол кунад. Барои ин, ба гуфтаи вай, сармоягузорони Русия бояд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолтар шаванд. Вай тазмин дод, ки онҳо аз пуштибонии боэътимоди давлати Русия бархӯрдор хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG