Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости наҷоти маҳбусони сиёсии Осиёи Марказӣ


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон ба тағйири бархӯрди Иёлоти Муттаҳида бо давлатҳои Осиёи Марказӣ даъват карданд.

Ҳомиёни озодиҳои шаҳрвандӣ ва собиқ маҳбуси сиёсӣ аз Узбакистон Вашингтонро даъват карданд, ки ба хотири ҳимоят аз мухолифони сиёсӣ, чеҳраҳои мазҳабӣ ва журналистони зиндонии Осиёи Марказӣ пайгир бошад ва "ҳама чиро бо номи аслии худаш" ба забон орад.

Бунёдгузори эътилофи мухолифон бо номи “Узбакистони офтобӣ”, Санҷар Умаров, ки худ маҳбуси сиёсӣ буд ва “заҳр”-и низоми додгоҳиву маҳбасҳои Узбакистонро чашидааст, гуфт, таваҷҷӯҳ ба вазъи афроде, ки барои ақида ва боварҳои худ ҳадафи таъқиб қарор мегиранд метавонад, ҳаёти онҳоро наҷот диҳад. Вай рӯзу шабҳои дар маҳбас гузарондаи худро ҳикоят кард ва гуфт: "Мисли ман ҳазорон нафаре ҳоло дар зиндонанд, ки бар асари зулми нозирони маҳбас ё шиканҷаи муфаттишон кушта мешаванд. Иёлоти Муттаҳида ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматҳое монанди ҳукумати Узбакистон бояд корҳои муайяну мушаххаси расиданӣ ба зулми сиёсӣ ва шиканҷаи маҳбусонро талаб кунанд."

Дар поёни суханаш Умаров як феҳрасти дарози чунин маҳбусонро ба Кумиссюни Ҳелсинкии Иёлоти Муттаҳида супорид. Вай ва ҳамчунин узви Кумиссюни озодиҳои динии Иёлоти Муттаҳида, Кетрин Косман, пажӯҳишгари Кумитаи дифоъ аз журналистон Музаффар Сулаймонов ва дигарон дар ҷаласаи Кумиссюни Ҳелсинкии Иёлоти Муттаҳида вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар Осиёи Марказӣ “ногувор ва нигаронкунанда” номиданд. Онҳо аз мақомоти Иёлоти Муттаҳида хостанд, дар дифоъ аз маҳбусони сиёсии Осиёи Марказӣ қатъият нишон диҳанд.

Узви Конгресси Иёлоти Муттаҳида, Стефан Коҳен, ки ҳамчунин узви Кумиссюни Ҳелсинкӣ низ аст, гуфт, Вашингтон баъзан ба хотири ҳамкорӣ дар икмоли нерӯҳои ҳарбияш дар Афғонистон президентҳои Осиёи Марказиро қабул ё нафҳамида “болобардорӣ” мекунад, вале набояд “нархи ахлоқӣ”-и ин амалро нодида гирад: "Узбакистон дарвоқеъ барои икмол аз роҳи заминӣ ба ва аз Афғонистон нақши стратегӣ мебозад, аммо Иёлоти Муттаҳида бояд масъалаҳои душвори ҳуқуқи инсонро бардорад ва ҳамзамон ҳамкории ҳарбияш бо Узбакистонро инкишоф диҳад, ки ба фикрам як натиҷаи иловагии ҷанги Афғонистон аст.”

Дар гузориши узви Кумиссюни озодиҳои динии Иёлоти Муттаҳида, Кетрин Косман вазъи маҳбусони сиёсӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд ва зикр гардид, ки як бахши умдаи онҳоро, ба истилоҳ “маҳбусони динӣ” ташкил медиҳанд. Хонуми Косман афзуд, бархӯрди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дин мероси Шӯравӣ собиқ ва талоши таҳкими қудрат аст. Бо вуҷуди он, ки дар минтақа таҳдиди гурӯҳҳое бо истифода аз номи Ислом ҷой дорад ва ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ мегӯянд, бо ин гурӯҳҳои ворида аз Афғонистону Покистон мубориза мекунанд, фишору таъқиби худи онҳо дар нисбати диндорон айни чунин хатарро дар дохили кишварҳо ба вуҷуд меорад ва густариш медиҳад.

Кетрин Косман

Кетрин Косман

Хонуми Косман бо ишора ба қонунҳои ахири Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, назорати давлат бар динро ба баландтарин ҳадди худ расондаанд, гуфт, дар ин кишвар ҳоло “бадтарин фазои озодии дин” ба миён омадааст. Вай афзуд: "Кумиссюни озодиҳои динии Иёлоти Муттаҳида, бори аввал имсол тавсия дод, ки Тоҷикистон кишвари мавриди нигаронии махсус шумурда шавад ва сабаб қонуни нави маҳдудкундаи дин буд. Амалан, ин қонунҳо мумкин аст, бадтарин фазои озодии дин ва бовар дар Осиёи Марказиро ба вуҷуд оварданд.”

Вай гуфт, дар ҳоле ки қонуни соли 2009 таълими хусусии динӣ, таблиғи дин, намози берун аз масҷидҳоро манъ ва даъвати хориҷиён ё сафарҳои хориҷии динӣ, таҳсили дин дар берун аз кишвар ва адабиёти мазҳабиро зери назорати сахт гирифт, қонуни соли 2011 ширкати ҷавонону наврасонро дар маросимҳои динӣ маҳдуд ё манъ намуд.

Гузоришгар ҳамчунин мамнӯъ эълон шудани равияҳои диниеро, ки пайравонашон даст ба хушунат назадаанд, боздошт ва ҳукми ҳабсҳои дарозмуддати садҳо нафарро, ки дар 10 соли охир бо иттиҳоми узвият ё ҳамкорӣ бо созмонҳои тундрав, ки асосан бар пояи “иқрор”-и онҳо ва бо истифода аз шиканҷа содир шудаанд, танқид кард.

Узви Кумиссюни озодиҳои динии Иёлоти Муттаҳида гузориши худро ба Кумиссюни Ҳелсинкӣ ин гуна хулоса кард, ки афзоиши бесобиқаи маҳбусони сиёсӣ ва динӣ дар зиндонҳои Осиёи Марказӣ на ба тақвияти мубора бо тундгароӣ, балки ба густариши ин тундгароӣ ва хушунати зидди ҳукуматҳои минтақа сабаб мегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG