Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ба Путин гуфт, дар баъзе масъалаҳо тафоҳум зарур аст


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба сипосгузории ҳамтои руси худ Владимир Путин дар масъалаи ҳимоят аз кори пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон гуфт, байни ду кишвар ягон масъалаи ҳалношуда вуҷуд надорад ва дар кори пойгоҳи ҳарбии Русия низ ягон мушкиле дар миён нест. Ҳамзамон ӯ афзуд, масъалаҳое ҳастанд, ки бояд ба таври мавриди қабули ҳарду ҷониб ҳал шаванд ва барои ин “ҳамдигарфаҳмӣ даркор аст.” Масъалаи барои 49 соли дигар дар Тоҷикистон боқӣ мондани пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия ҳалношуда боқӣ монда, Тоҷикистон хостори пардохти кирояи ҳузури ҳарбии Русия аст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҳамоиши сарони СПАД ва ИДМ дар Маскав ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG