Пайвандҳои дастрасӣ

Қароргоҳи "ОккупайАбай" пароканда карда мешавад


Додгоҳи ноҳияи Басманнаяи Маскав дар мавриди пароканда кардани қароргоҳи мухолифин дар хиёбони Чистые пруды тасмим гирифт. Додгоҳ аризаи сокинони мавзеъ дар мавриди бетафовутии мақомоти расмӣ дар баробари ширкаткунандагони ҳамоиши мухолифин мавсум ба “ОккупайАбай”-ро пазируфт.

Ин ҳамоиш дар чаҳорчӯби маъракаи “Барои интихоботи одилона” дар хиёбони Чистые пруды як ҳафта боз идома дорад. Ҳар бегаҳ дар он ҷо беш аз ҳазор нафар ҷамъ меоянд.

Имрӯз дар суханронӣ дар додгоҳ намояндаи шаҳрдории Маскав гуфт, ки ширкаткунандагони “ОккупайАбай” ба муҳити зист ба маблағи беш аз 20 миллион рубл осеб расонидаанд. Як рӯз пеш маблағи зарар миллион рубл ҳисоб шуда буд.

Сиёсатмадор Борис Немтсов изҳор намуд, ки агар мақомоти шаҳрдорӣ қароргоҳи мухолифинро пароканда кунанд, онҳо дар дигар мавзеъ ҷамъ меоянд.
XS
SM
MD
LG