Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин амалиёти нерӯҳои ИА алайҳи роҳзанҳои дарёӣ


Низомиёни нерӯҳои Иттиҳодияи Аврупо ба хотири аз байн бурдани пойгоҳҳои роҳзанҳои дарёӣ дар соҳилҳои Сомалӣ амалиёт доир карданд. Ба иттилои Брюссел, ин пойгоҳҳо аз сӯи ҳавопаймоҳои баҳрӣ бомборон шуд. Дар бораи талафот миёни роҳзанҳои дарёӣ хабар дода нашудааст.

Моҳи гузашта Иттиҳодияи Аврупо баргузории амалиёт алайҳи пойгоҳҳои роҳзанҳои дарёии Сомалиро пазируфта буд.

Солҳои ахир роҳзанҳои дарёӣ дар соҳилҳои Сомалӣ даҳҳо киштӣ ва сарнишинҳои онҳоро рабуданд. Айни ҳол онҳо 17 киштӣ ва тақрибан 300 маллоҳро гаравгон нигаҳ медоранд.
XS
SM
MD
LG