Пайвандҳои дастрасӣ

Муштзани маъруфи тоҷик, Мавзуна Чориева, дар мусобиқаи қаҳрамонӣ дар Чин соҳиби роҳхати олимпӣ гардид.

Мавзуна Чориева, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи VII қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Чин ҷараён дорад, баъди пирӯзӣ дар даври севум ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад ва соҳиби роҳхат ба Олипиадаи Лондон-2012 гардид.

Вай имрӯз, 15-уми май дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило дар даври ҳаштякниҳоӣ бар Антонина Шевченко (Қирғизистон) аз рӯи холҳо бо ҳисоби 10:2 (5:1, 5:1, 0:0, 0:0 ) дастболо шуд.

Ёдовар мешавем, Мавзуна дар нахустин даври мусобиқа бар муштзани Беларус Алла Яршевич дар раунди чорум бинобар бартарии комил пирӯз гардид. Ӯ дар даври баъдӣ Каролина Грасюки лаҳистониро аз рӯи холҳо бо ҳисоби 20:10 (1:1, 6:2, 5:2, 8:5) шикаст дод.

Ба ин тартиб, Мавзунаи 19-сола муборизаро барои унвони қаҳрамони ҷаҳон ва медалҳои мусобиқа идома медиҳад. Ӯ дар чаҳорякфинал бо Эстели Моссели (Фаронса) рӯзи 16-уми май рақобат мекунад.

Имрӯз, 16-уми май, дар даври чаҳорякниҳоӣ дар вазни то 60 кг қувваозмоӣ мекунанд:

1. Кэти Тейлор (Ирландия, қаҳрамони феълии ҷаҳон) – Миҳаэла Лакатус (Руминия)
2. Мавзуна Чориева (Тоҷикистон) – Эстелли Моссели (Фаронса)
3. Софя Очигава (Русия) – Адриана дос Сантос (Бразилия)
4. Ингрид Эгнер (Норвегия) – Наташа Ҷонас (Инглистон)

Баъдан дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 18-уми май ғолиби ҷуфти 1-ум бо ҷолиби ҷуфти 2-юм ва ғолиби ҷуфти 3-юм бо ҷолиби ҷуфти 4-ум рақобат мекунанд. Қувваозмоии ниҳоӣ рӯзи 19-уми май баргузор мешавад.




То имрӯз варзишгарони Тоҷикистон ба Олимпиадаи Лондон 13 роҳхат ба даст овардаанд, ки миёни онҳо Мавзуна Чориева ягона бонуи варзишгар аст. Инҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод) мебошанд.

Мавзуна Чориева моҳи майи соли 2010-ум дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона медали тилло ба даст оварда буд. Ӯдар рақобатҳо байни занон дар вазни то 60 килограмм бар рақибонаш аз Ҳиндустон, Чин ва Корея ғолиб омад ва аввалин бор ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.

Мавзуна моҳи марти соли равон дар пойтахти Муғулистон -- шаҳри Улан-Батор барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё гардид.
Вай дар даври аввал бар рақибаш аз Кореяи Ҷанубӣ, баъдан бар варзишгарони Муғулистону Кореяи Шимолӣ ғолиб омад. Вале Мавзуна дар қувваозмоии ниҳоӣ аз намояндаи Ҳиндустон Дева Лайшрам Сарита бо ҳисоби 9:16 мағлуб гашт.

Мавзуна Чориева, ки 1-уми октябри соли 1992 таваллуд шудааст, донишҷӯи соли севуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов мебошад. Ӯ ба “Озодӣ” гуфт, “мақсади ман ба даст овардани роҳхати олимпӣ буд, ки он ҷомаи амал пӯшид. Акнун барои ҷоизаҳои сабқати ҷаҳонӣ мубориза мебарам. Орзу дорам, ки дар Олимпиадаи Лондон муваффақ шавам.”

Навор аз бойгонии "Озодӣ"

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG