Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

HRW: Маҳбасҳои махфии Ироқ баста нашудаанд


I

I

Дар Бағдод чун пештара маҳбаси махфие мавҷуд аст, ки мақомоти Ироқ ваъдаи бастани онро карда буданд. Дар ин бора созмони дидбони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch хабар додааст.

Дар гузориши ахири ин созмон, ки бар пояи баёноти осебдидагону шоҳидон ва мақомоти маҳаллӣ таҳия шудааст, аз идома ёфтани боздошти ғайриқонунии сокинон аз сӯи нерӯҳои амниятии Ироқ ва дар маҳбасҳои махфӣ нигаҳ доштани онҳо изҳори нигаронӣ шудааст.

Як сол пеш мақомоти Ироқ дар бораи баста шудани як маҳбаси махфи воқеъ дар маркази Бағдод, дар минтақае, ки муассисаҳои ҳукуматӣ ҷойгиранд, хабар дода буданд. Вале, ба иттилои Human Rights Watch, ин хабар воқеият надорад.

Баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ дар поёни соли гузашта ҳама маҳбасҳои кишвар таҳти назорати ҳукумат қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG