Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20-уми май - Рӯзи дави миллӣ


Рӯзи якшанбе, 20-уми май, дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ эълон шудааст.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, “дар ин пойгаи анъанавии оммавӣ, ки бо фармони президенти Тоҷикистон ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи кишвар доир мешавад, афроди синну сол ва касбу кори мухталиф ширкат карда, бо хоҳиши худ ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр медаванд. Рӯзи дави миллӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар як вақт – соати 9-и субҳ оғоз мешавад. Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли пойга тӯҳфаҳои кумитаҳои тадорукоти Рӯзи дави миллӣ супурда хоҳад шуд.”

Ба иттилои ҷаноби Мирзоев пойгаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе аз посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ шурӯъ шуда, дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” (собиқ Ипподроми Душанбе) ба анҷом мерасад.

Инчунин дар чаҳор ноҳияи пойтахти кишвар пойга ба масофаи 3 километр баргузор мешавад, ки дар он хонандагону донишҷӯён, кормандони ҳамаи муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG