Пайвандҳои дастрасӣ

Эъдоми қотили донишманди эронӣ


Маҷид Ҷамоли Фошӣ

Маҷид Ҷамоли Фошӣ

Дар Эрон Маҷид Ҷамоли Фошӣ, як сокини 24,солиа кишвар, барои куштор донишманди соҳаи ҳастаӣ эъдом шуд. Дар ин бора имрӯз телевизиони давлатии Эрон хабар дод.

Моҳи августи соли гузашта Фошӣ дар ҷосусӣ ба нафъи Исроил ва куштори донишманди Донишгоҳи Теҳрон Масъуд Алӣ Муҳаммадӣ муттаҳам шуда буд. Муҳаммадӣ моҳи январи соли 2010 бар асари таркиши мотосикли ҳомили маводи мунфаҷира дар канори манзилаш ба ҳалокат расид.

Теҳрон Исроилу ИМА-ро дар ташкили куштори дасти кам чаҳор донишманди бахши ҳастаӣ айбдор мехонад.
XS
SM
MD
LG