Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Ниҳоди экспертизаи тӯҳмату таҳқир таъсис шавад"


Нишасти рӯзноманигорони тоҷик дар Рӯзи байналмилалии озодии матбуот. (Акс аз бойгонӣ)

Нишасти рӯзноманигорони тоҷик дар Рӯзи байналмилалии озодии матбуот. (Акс аз бойгонӣ)

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба манзури рафъи бархе аз мушкилиҳо дар роҳи таҳкими озодии баён, пешнависи тавсияҳоро дар 12 банд ба ҳукумат пешниҳод кардааст.

Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 15-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тавсияҳои мазкур натиҷаи кори як конфронси баргузоршуда бо ширкати кормандони васоити ахбори умум, коршиносони соҳа ва намояндагони давлат дар рӯзи байналмилалии озодии матбуот дар Душанбе мебошад. Ҷаноби Маҳмуд гуфт, феҳристи ин тавсияҳо баъд аз баҳсу муҳокимаҳо аз сӯи гурӯҳи корӣ ба сохторҳои марбутаи ин кишвар, аз ҷумла вазорати адлия, вазорати фарҳанг, Шӯрои адлия, Кумитаи радио ва телевизион ва Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи дабири Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, аз онки дар вақтҳои ахир ба додгоҳ кашонидани нашрия ва рӯзноманигорон зиёд шудааст, як ниҳоди махсуси ташхиси забонию ҳуқуқӣ барои баррассии масоили таҳқир ва тӯҳмат таъсис дода шавад. Бар изофа, "қонунгузор бояд дар қонунгузории шаҳрвандӣ ҳаҷми маблағи ҳадди аксари товони зарари маънавиро муайян намояд."

Хилватшоҳи Маҳмуд

Хилватшоҳи Маҳмуд

Яке дигар аз ин пешниҳодҳо, қабули ҳарчи зудтари қонуни нав "Дар бораи ВАО"-и Тоҷикистон аст. Дар ин замина тавсия мешавад, ки дар қонуни нав масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии фаъолияти ВАО (хусусан бақайдгирӣ), масъулият барои поймол намудани озодии сухан, меъёрҳои "сарчашмаи ахбор", "ҷавоб", "раддия" мушаххас
баён карда шавад ва дар матни қонун мафҳумҳои "танқид", "шахсияти шинохта" (публичная фигура), "ақида" ва "баҳои якҷониба" (оценочное суждение) шарҳ дода шавад.

Яке аз дигар тавсияҳои Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, ки дар ин феҳрист зери шумораи 8 дарҷ шудааст, ба масъалаи ахлоқи касбии рӯзноманигорон иртибот мегирад: "Воситаҳои ахбори омма ҳангоми қабули кормандон дар баробари шартномаи меҳнатӣ ҷиҳати риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ низ ҳуҷҷат (санад) ба имзо расонанд."

Тавсияҳои дигари ин созмон вобаста ба фаъолияти интернет ва танзими қонуниву ҳуқуқии он дар Тоҷикистон аст. Аз ҷумла, тавсия шудааст, ки "таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ доир ба танзими муносибатҳо дар интернет, аз ҷумла таҷрибаи Олмон ва Амрико омӯхта шуда, натиҷаҳои он дар такмили қонунгузории Тоҷикистон истифода шаванд."

Охирин тавсияи Шӯрои ВАО низ вобаста аст ба муносибати мақомот бо сайтҳои интернетӣ: "Танзими қонунии боздоштан (блокировка)–и сайтҳо ба роҳ монда шавад ва дар ин замина тартиби пешаздодгоҳӣ ва аз ҷониби додгоҳ боздоштани сайтҳо муқаррар карда шавад."

Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, гуфт, дар кори таҳияи феҳристи тавсияҳо созмонҳои хабарии ин кишвар ба шумули Иттифоқи журналистони Точикистон, Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Медиа-Алянси Тоҷикистон, Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон "Афрӯз" ва бархе аз созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок кардаанд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, баъди ду моҳ аз пешниҳоди ин тавсияҳо ба мақомот, мавқеъ ва баҳои сохторҳои марбути кишвар дар расонаҳо инъикос хоҳад ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG