Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Кӯлоб як анбори таърихӣ пайдо карданд


Намое аз шаҳри бостонии Кӯлоб

Намое аз шаҳри бостонии Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб анбор ё захирагоҳи таърихие кашф шудааст.

Ин анборро як хонандаи мактаби рақами 2, воқеъ дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб, ҳангоми бозӣ пайдо карда, ба омӯзгорон хабар медиҳад.

Ҳоло бостоншиносон аз ин макон 4 хуми ҳаҷман бузург бо баландии аз 1 то 2 метрро дарёфт намудаанд. Ҳотамшоҳ Асозода, директори генералии осорхонаҳои Кӯлоб мегӯяд, ин анбор ҳарчанд таърихи кӯҳан надошта бошад ҳам, аммо аҳамияти бузурги таърихӣ дорад.

"Бо тахмини пешакӣ ин анбор аз асри 17 боқӣ мондааст. Аммо инҳо дар ҷое дарёфт шудаанд, ки харитаи эҳтимолии ҳудуди шаҳри Кӯлобро комил мегардонад. То кунун аз ин макон чизе пайдо нашуда буд ва маълум мешавад, шаҳри Кӯлоб аз Кӯҳаншаҳри ҳозира қад-қади сойи Тебалай то шаҳри Бар-бар дар ноҳияи Шӯрообод рафта мерасидааст",-илова кард ӯ.

Эҳтимоли вуҷуд доштани хумҳои дигар низ дар ин макон ҳаст. Аз чаҳор хуми пайдошуда ҳоло дутои он берун шудааст ва барои берун кардани дутои дигар бостоншиносон талош доранд.

Ҷаноби Асозода мегӯяд, "ҳангоми баровардан ин хумҳо каме пора шуданд. Кори сахту сангин аст, ки хумро аз зери хок солим берун орӣ. Мо ҳоло онҳоро аз сари нав пайванд мекунем ва дар осорхона ба тамошо мегузорем. Мо дар маҳал ҷустуҷӯи бостоншиносиро идома медиҳем."

Соли 2006 дар сатҳи ҷумҳуриявӣ таърихи 2700-солагии Кӯлобро таҷлил намуда буданд. Ин таърихро ҳам бостоншиносон ба дарёфти як хумдони таърихӣ рабт дода буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG