Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон дар Маскав. Баъд аз бозгашти севумбораи Путин


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Интизор меравад, дар ҳошияи нишасти Маскав мулоқоти якбаяки Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон низ сурат гирад.

Субҳи рӯзи 15-уми май Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба манзури ширкат дар ҷаласаи ҷашнии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД (ОДКБ) дар раъси як ҳайати расмӣ Душанберо ба қасди Маскав тарк кард.

Бино ба иттиллои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин сафар Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии раисиҷумҳур оид ба сиёсати хориҷӣ, Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиа, Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амният ва дигар афроди расмӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар зимн, ин нахустин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ баъд аз интихоби севумбораи Владимир Путин ба мақоми раисиҷумҳури Русия аст. Интизор меравад, дар ҳошияи ин нишаст дидору мулоқоти якбаяки Владимир Путин бо ҳамтоёни худ дар ин созмон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат бигирад.

Қарор аст, ҷаласаи ҷашнӣ ба муносибати бистумин солгарди имзои созишнома ва даҳсолагии таъсисёбии ин созмон дар Маскав зери раёсати Путин баргузор шавад. Дар ин ҷаласа бар изофаи Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раҳбарони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Молдова, Озарбойҷон, Туркманистон ва Украина ширкат хоҳанд кард.

Бар изофаи баҳсу баррасии масоили ҳамкориҳои низомиву амниятии кишварҳои узв ва авзои минтақа, аз ҷумла вазъи Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз ин кишвар дар соли 2014 ва ҳифозати марзҳои ҷанубии ин созмон, ҳамчунин бархе аз пешниҳодҳои Маскав дар робита ба ҳамкориҳои иқтисодии ин кишварҳо, аз ҷумла тарҳи пешниҳодӣ аз сӯи Путин дар мавриди таъсиси Иттиҳоди АвроОсиё низ мавзӯи сӯҳбати сарони кишварҳо бишавад.

Бар пояи иттиллои як манбаи наздик ба мақомот ба эҳтимоли зиёд миёни раҳбарони Русия ва Тоҷикистон дар робита ба сарнавишти баъдии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва низ фурудгоҳи низомии Айнии назди Душанбе, ки Русия талош дорад шароити истифодаи онро барои худ фароҳам созад, сӯҳбатҳое сурат бигирад.

Дар созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ 7 кишвар - Арманистону Беларус, Русияву Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон узвият доранд. Дар соли 1998 Узбакистон аввалин кишваре буд, ки Паймони амнияти дастаҷамъиро тарк намуд. Аммо дар соли 2005 ба дунболи ҳаводиси Андиҷони Узбакистон, ки садҳо нафар кушта шуд ва равобити Узбакистон бо Ғарб тира гашт, Тошканд дубора ба канори Маскав наздик шуд ва ҳамин тавр Узбакистон бори дигар узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ шуд.

Аммо муносибати Тошканд бо ин Паймон, ки акнун ба Созмон табдил шудааст, ҳамеша ноҳамгун буда ва Узбакистон мехоҳад шароити ҳузури худ дар СПАД-ро амалӣ кунад. Ба ин манзур, Узбакистон аз ширкат дар чандин тарҳи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ зарфи се-чаҳор соли гузашта худдорӣ кардааст. Аз ҷумла, Узбакистон ба таъсиси нерӯҳои муштараки вокуниши сареи СПАД дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мухолифат карда буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG