Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Moody сатҳи эътимод ба 26 бонки Итолиёро коҳиш дод


Бунгоҳи эътимодсанҷии иқтисодии Мудӣ (Moody) дараҷаи бовар ба 26 бонки итолиёӣ, аз ҷумла ЮниКредит ва Интеса Санпаолоро поён бурд. Дар изҳороти бунгоҳ гуфта мешавад, “эътимод ба бонкҳои Итолиё ҳоло дар байни кишварҳои пешрафтаи Аврупо пасттарин аст ва ин бозтоби осебпазирии онҳо дар фазои номусоиди фаъолият дар Итолиё ва Аврупост.” Он афзудааст, ки бонкои мазкур дар баробари пасрафти нав дар Итолиё низ осебпазиранд. Ҳамчун нуктаи мусбат Мудӣ мегӯяд, ҳимояти Бонки Марказии Аврупо аз бонкҳои Итолиёӣ хатари варшикастагии онҳоро коҳиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG