Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо аз Юнон хост, аз минтақаи евро хориҷ нашавад


Мақомоти аршади молиявии Иттиҳоди Аврупо аз Юнон даъват карданд, татбиқи чораҳои сарфаҷӯиро идома диҳад ва аз минтақаи евро хориҷ нашавад. Онҳо гуфтаанд, барои аз бӯҳрон баровардани Юнон аз ҳамаи чораҳои зарурӣ истифода хоҳанд кард. Аммо афзуда шуд, ки барои ин Юнон бояд ҳукумати комил ва амалкунанда дошта бошад. Вале дар як ҳафтаи пас аз интихобот талошҳои ташкили ҳукумати эъътилофӣ дар Юнон паси ҳам ноком мешаванд. Дар ҳоле ки ин талошҳо имрӯз низ идома хоҳанд кард, ки раиси ҳизби сотсиалисти ин кишвар Евнагелос Венизелос гуфтааст, ба натиҷаҳои он зиёд хушбин нест. Агар ҳукумати Юнон таъсис дода нашавад ва интихоботи нав эълон гардад, хатари хуруҷи кишвар аз минтақаи евро ба воқеияти амалӣ табдил хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG