Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аёдати фиристодагони ИМА аз Тимошенко дар бемористон


Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Украина, Ҷон Теффт ва ёвари вазири умури хориҷии Амрико Томас Мелиа пас аз аёдати Тимошенко дар бемористони Харкв ба журналистон гуфтанд, вазъи ӯ беҳтар аст ва гурӯҳи пизишкони олмонӣ ҳамроҳ бо пизишкони украинӣ саломатии ӯро зери назар доранд. Тимошенко ҳафтаи гузашта пас аз хабарҳои латукӯб шуданаш ва эълони оғози гуруснашинӣ аз маҳбас ба бемористон интиқол дода шуд. Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Украина, Ҷон Теффт гуфт: "Муҷозоти интихобии хонуми Тимошенко ва аъзои ҳизби ӯ чизест, ки мо рад мекунем ва даъват ба он кардем, ки ӯ озод шавад.” Тарафдорони сарвазири пешини Украина низ бар инанд, ки ҳукми ҳафт сол ҳабси Тимошенко бо иттиҳоми суистифода аз мансаб як интиқомгирии сиёсии президент Янукович аст.
XS
SM
MD
LG