Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э. Раҳмон дар нишасти сарони СПАД ва ИДМ ширкат мекунад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узв дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ба Маскав сафар кард. Қарор аст, ин нишастҳои зеро раҳбарии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҷараён ёфта, дар онҳо раҳбарони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Молдова, Озарбойҷон, Туркманистон ва Украина ширкат кунанд. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов одатан аз ширкат дар ин ҳамоишҳо худдорӣ мекард. Дар арафаи нишаст раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев дар Минск бо ҳамтои беларуси худ Аляксандр Лукашенка мулоқот дошт ва онҳо гуфтанд, аз тарҳи путинии таъсиси Иттиҳоди Авруосиё ҳимоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG