Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз сатҳи дониши ҷавонон ва афзоиши бекорӣ дар Тоҷикистон


Дар шаҳри Душанбе гузориши нави солонаи рушди инсонӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Муаллифони ин тарҳ, ки Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола омода мекунад, гуфтанд, коҳиши сатҳи дониши ҷавонон ва афзоиши бекорӣ дар кишвар тадриҷан равандҳои рушди башариро ба мушкил рӯбарӯ мекунад. Инчунин бӯҳрони давомдори риштаи кишоварзӣ ва фақри мардуми деҳот аз омилҳои манфӣ дониста шуд. Ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милал дар Тоҷикистон, Александр Зуев, дар ин маросим гуфт, дар гузориши рушди инсонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои муҳиме ҷой дода шудааст, ки ба таҳияи сиёсати муайян дар ин самт ёрӣ хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG