Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нархи чиптаи ҳавопаймо ба самти Маскав дар ҳоле 20 % боло рафта, ки мавҷи муҳоҷирон ба сӯи Русия дар ҳаракатанд.

Сироҷиддин Саидов, як муҳоҷири мавсимии тоҷик, ки кӯлбори мусофирии худро барои сафар ба пойтахти Русия омода кардааст, танҳо дар назди кассаи чиптафурӯшӣ огоҳ шуд, ки нархи чиптаҳо 20 дарсад боло рафтаанд. Ӯ танҳо нафаре нест, ки аз аз қимат шудани билети ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон нороҳат шуд. Дар қатори ӯ даҳҳо нафари дигар, ки асосан бо пули қарз ба Русия сафар мекунанд, ҳайрон монданд, ки бақияи пули билет (чипта)-ро аз куҷо пайдо кунанд.

Сироҷидин Саидов мегӯяд, "ба Маскав рафтан даркор, севуним ҳазор сомонӣ мегӯяд, ин гарон аст. Агар аз Маскав ба Владивосток, ки ду баробари масофаи Душанбе-Маскав аст, парвоз кунӣ, ҳамагӣ 10 ҳазор рубли русист, ки ин 1 ҳазору 600 сомонӣ мешавад. Инҷоро бубинед, билети Душанбе - Маскавро 3,5 ҳазор сомонӣ мегӯянд."

Бахши умдаи муҳоҷирони мавсимӣ дар назди кассаҳои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" навбат меистоданд, зеро қимати чиптаҳои ин ширкат 400 евро буд, дар ҳоле ки "Тоҷик Эйр" билет ба самти Маскавро ба қимати 450 евро мефурӯшад. Кормандони кассаҳои билетфурӯшӣ ба суоли мо, ки чаро нархи чипта 20 дарсад боло рафтааст, посух надоданд ва гуфтанд, ки дастурро аз мақомот дарёфт кардаанд.




​Масъулони ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр", соҳибони аслии бозори билетҳои ҳавопаймо ба самтҳои мухталиф, боло рафтани қимати парвозҳо ба самти Маскавро тасдиқ карданд. Сухангӯи ширкати "Сомон Эйр" Темур Бандишоев афзоиши нархи чиптаҳоро ба боло рафтани нархи маводи сӯхт ва хидматрасонии фурудгоҳи Душанбе вобаста донист, ки 20 дарсади иловагӣ хароҷоти ширкатро пӯшиш хоҳад дод: "Ширкати мо қимати билети Душанбе-Маскавро, ки 380 евро буд, ба 400 евро расонид ва сабабаш ин аст, ки вақте хадамоти ҳавопаймо қимати хидматгузориҳои худро боло мебарад ва нархи маводи сӯхт меафзояд, ночоранд, ки барои зарар надидан болои билет маблағ афзоянд."

"Тоҷик Эйр" низ боло рафтани қимати чиптаҳои худро ба боло рафтани нархи маводи сӯхт марбут донист ва гуфт, дар чаҳор моҳи ахир қимати сӯзишворӣ якуним баробар афзудааст. Аз сӯи дигар, дар ҳоле ки сафари ҳазорон нафар ба самти Русия як амали ғайриинтизор нест, ҳеҷ яке аз ширкатҳо эълони боло рафтани қимати билетҳоро аз тариқи матбуот ё радиову телевизион эълон накарданд.

Темур Бандишоев, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" мегӯяд, баъзе аз кассаҳои билетфурӯшӣ, ки берун аз ширкатҳои онҳо фаъолият мекунанд, бо назардошти авҷи муҳоҷират ба хориҷ, билетҳоро пеш аз пеш банд карда, акнун бо қимати боз ҳам гаронтар ба фурӯш мегузоранд.

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон шояд ягона давлатест, ки бо вуҷуди баҳрабардорӣ аз маблағи муҳоҷирони корӣ, чиптаҳои мавсимӣ ҷорӣ накарда ва ба муҳоҷирон имтиёз пешниҳод намекунад. Коршиносони соҳа то рафт боло рафтани нархи билетҳо барои шаҳрвандонро ба вуҷуди монополия (инҳисор) дар соҳаи ҳавонавардии Тоҷикистон марбут медонанд, ки ширкатҳои хориҷиро ба бозор роҳ намедиҳад ва то ба истилоҳи тоҷикӣ “пулро бегона накунад.”

Ниҳоде, ки ба боло рафтани қимати мавод дар кишвар муқовимат мекунад, Кумитаи зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон аст, ки бояд аз беинсофона боло рафтани қиматҳо ва муфлисшавии шаҳрвандон ҷилавгирӣ кунад. Аммо Акбар Хоҷаев, сардори Раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон гуфт кореро наметавонад дар ин самт анҷом бидиҳад, чун чиптаҳо барои парвоз ба хориҷ боло рафтаанд, на парвозҳои дохилӣ.

"Медонед, агар ин вазъ ба хатти ҳаракати ҳавопаймоҳо дар дохили кишвар рух медод, мо метавонистем дахолат кунем, вале ширкати "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр", ки дар самти байналмилалӣ хидмат мекунанд, нархномаҳои марбут ба беруни Тоҷикистонро ба мо пешниҳод наменамоянд. Онҳо, ки ҳамчун доминант ва ё монополист дар ин феҳраст дохил намешаванд, ба мо маслиҳат намекунанд",-мегӯяд ӯ.

Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон мегӯяд, роҳи ягонаи ҳалли масъала афзоиш додани хатсайрҳои иловагӣ ба самти Душанбе-Маскав ва ё вуруди ҳавопаймоҳои иловагӣ ба бозор мебошад. Беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунанд ва аз муштариёни аслии ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон ба шумор меоянд. Бахши умдаи онҳо муҳоҷирони мавсимианд, ки дар оғози баҳор ба Русия мераванд ва бо сардиҳои аввал ба Тоҷикистон бармегарданд. Онҳо барои дастгирии хонаводаҳои худ солона ба Тоҷикистон беш аз се миллиард доллар мефиристанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG