Пайвандҳои дастрасӣ

Расидагии молӣ ба ҳизби ҳоким натиҷаи дилхоҳ додааст


Додситонии кулли Тоҷикистон расидагӣ ба фаъолиятҳои молии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистонро ба охир расондааст. Усмон Солеҳ-мудири шӯъбаи иттилоот ва равобит бо ҷомеаи ҳизби мазкур ба радиои Озодӣ гуфт, ин санҷиш тақрибан як моҳ тӯл кашидааст ва чанд камбудии хеле кӯчакро марбут ба коргузорӣ ошкор кардааст. Вай афзуд, дар кулл ба фаъолияти молии ҲХДТ додситонӣ баҳои мусбат додааст.

Бино ба иттилои ин манбаъ, хароҷоти молии ҲХДТ дар соли гузашта 2 миллиону 65 ҳазор сосониро ташкил додааст. Ин ҳизб барои андоз аз даромад 40 ҳазор сомонӣ, хароҷоти бонкӣ 7 ҳазор, пардохти иҷора 6 ҳазор, барқу алоқа 12 ҳазор, фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 58 ҳазор, кӯмак ба сохмонҳои ҳизбӣ дар навоҳии нодор 112 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст.

Дар гузашта додситонӣ Ҳизби коммунистро ба 2 600 сомонӣ барои камбудиҳои молӣ ҷарима карда буд. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон қонунмандии тафтишоти додситониро ба баҳси додгоҳӣ кашид. Ҳизбҳои дигар, аз қабили сотсиалист ва ислоҳоти иқтисодӣ мегӯянд, фаъолияти молиявии онҳо низ мавриди тафтиши додситонӣ қарор гирифтааст ва камбуде ошкор нашудааст.
XS
SM
MD
LG