Пайвандҳои дастрасӣ

AI ва HRW хостори бозбинии муносибот бо Узбакистон шуданд


Amnesty International ё Афви Байналмиллал ва Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико хостаанд, ки муносиботи худ бо ҳукумати Узбакистонро бозбинӣ кунанд, зеро Тошканд маҳдудияти ҳуқуқи башар дар Узбакистонро эътироф кардааст. Ин ду созмони ҳуқуқи башари байналмиллалӣ роҷеъ ба 7-мин солгарди ҳодисаҳои хунини Андиҷон дар соли 2005 эъломияҳои алоҳида ба нашр расондаанд. Дар ин ҳодисаҳо даҳҳо нафар кушта шуда буданд. Созмонҳои ҳуқуқи башар гуфтаанд, бо гузашти 7 сол аз ин ҳодисаҳо Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико бояд ҳукуати Узбакистонро барои хунрезиҳо масъул шиносанд. 13 маи соли 2005 нируҳои давлатии Узбакистон дар Андиҷон даҳҳо нафар ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозиро ба хун кашиданд. Шумораи дақиқи кушташудагон то ҳол пинҳон дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG