Пайвандҳои дастрасӣ

Машварати ҳизбҳои мухолиф барои пешбарии номзади ягона


Масъуд Собиров

Масъуд Собиров

Масъуд Собиров-раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба матбуот хабар дод, ки ҳизбҳои мухолифи ин кишвар барои имкони пешниҳоди номзади ягона аз ин ҳизбҳо дар баробари Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури кунунӣ ба машварат оғоз кардаанд. Қарор аст интихобот соли 2013 баргузор шавад. Собиров гуфтааст, музокирот идома дорад ва ҳоло интишори хабар дар бораи натиҷаҳои он зуд аст. Ҳизби Демократ пешниҳод кардааст, ки ҳизбҳои сиёсии мухолиф анҷумани муштараки қаблазинтихоботӣ баргузор кунанд ва дар он роҷеъ ба номзади ягона ба тавофуқ бирасанд. Дар гузаштаҳо низ ҳизбҳои сисёсии мухолиф чунин талошро карда буданд, вале ба ҷое нарасиданд. Масъуд Собиров аз додани маълумот дар бораи ҳизбҳои ширкаткунанда дар музокирот худдорӣ кардааст. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки ҳизби аслии мухолифон аст, гуфтааст, ки аз чунин машварат огаҳӣ надорад.
XS
SM
MD
LG