Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавофуқоти Назарбоев ва Лукашенко роҷеъ ба Иттиҳодия нав


Руасои ҷамоҳири Қазоқистон ва Беларусия мегӯянд, ки онҳо роҷеъ ба масоили байналмиллалӣ ва Иттиҳодияи Иқтисодӣ бо Русия ба “ваҳдати назар” расидаанд. Ин нукта дар изҳороти муштарак дар ҷараёни боздиди Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон аз Минск-пойтахти Беларусия ба нашр расидааст. Моҳи апрел Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларусия Назарбоевро муттаҳам кард, ки дар роҳи ташкили Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё монеа пеш овардааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки ин иттиҳодия то соли 2015 ташкил шавад ва ҳадафи он фароҳам овардани заминаи озоди гардиши молу коло, хадамот ва коргарон дар ин се кишвар аст.
XS
SM
MD
LG