Пайвандҳои дастрасӣ

“Регар-ТадАЗ” танҳо дастаест бе бохт


Лаҳзае аз бозии "Парвоз"-у "Истиқлол". 13-уми майи соли 2012.

Лаҳзае аз бозии "Парвоз"-у "Истиқлол". 13-уми майи соли 2012.

Рӯзҳои истироҳат, 12-уму 13-уми май бозиҳои даври шашуми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Натоиҷи ин бозиҳо чунин аст:

"Равшан" (Кӯлоб) - "Энергетик" (Душанбе) – 2:0

Голҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов (дақиқаи 2-юм, 1:0) ва Ҳасан Рустамов (63, 2:0)

"Зарафшон" (Панҷакент) - ССКА "Помир" (Душанбе) – 1:1

Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев (15, 0:1), Аъзам Каримов (80, 1:1)

"Хайр" (Ваҳдат) - "Гвардия" (Душанбе) – 2:1

Голҳо: Анӯшервон Загуров (10, 0:1), Мирзобек Мирзоев (52, 1:1), Рустам Хоҷаев (62, 2:1)

"Ҳосилот" (Фархор) - "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) – 1:2

Голҳо: Фаррух Чориев (34, 0:1), Комил Саидов (39, 0:2), Саидамир Мирзоев (49, 1:2)

"Хуҷанд" (Хуҷанд) - "Вахш" (Қӯрғонтеппа) – 1:0

Гол: Пирмурод Бурҳонов (17)

"Истиқлол" (Душанбе) - "Парвоз" (Бобоҷон Ғафуров) – 1:0

Гол: Иброҳим Рабимов (74).

Баъд аз натиҷагирии шаш даври мусобиқот танҳо як даста - “Регар-ТадАЗ” шикаст нахӯрдааст. Дар даври шашум дастаҳои “Вахш” ва “Энергетик”барои аввалин бор дар мусобиқаи имсола ба мағлубият рӯбарӯ шуданд. Ду даста - “Ҳосилот”ва “Гвардия” то ҳоло шаҳди ғалабаро начашидаанд.

Муҳаммад Ҷӯраев

Муҳаммад Ҷӯраев

Чунон ки аз ҷараёни мусобиқа бармеояд, имсол шумораи дастаҳои муддаии унвони қаҳрамонӣ ва медалҳо афзудааст. Муқобили тими “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дастаҳо муқобилияти сахт нишон медиҳанд. Ин чиз бори дигар дар бозии “Истиқлол” бо тими меҳмон - “Парвоз”, ки рӯзи 13-уми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифт, мушоҳида шуд.

Муҳаммад Ҷӯраев, сармураббии дастаи “Парвоз”, баъд аз анҷоми ин бозӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “бозӣ хеле хуб гузашт. Ман аз бозии дастаам қаноатмандам, вале аз натиҷаи бозӣ розӣ нестам. Баъзе камбудиҳо ошкор шуданд, ки мо минбаъд барои рафъи онҳо кӯшиш мекунем. Сатҳи доварӣ бо сарварии Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа) хуб буд. Дар ин бозӣ дар ҳайати дастаи мо чор легионер, дунафарӣ аз Узбакистону Русия, бозӣ карданд. Мо бо онҳо то охири давраи аввали мусобиқа қарордод бастаем. Ман имрӯз аз бозии якеи онҳо – Руслан Кузнетсов қаноатманд шудам.”

Никола Кавазович

Никола Кавазович

Никола Кавазович, сармураббии тими “Истиқлол”, иброз дошт, ки “бозӣ хеле вазнин буд. Хати дифои дастаи “Парвоз” мустаҳкам буд. Меҳмонон ба бозигарони мо имкон намедоданд, ки ба дарвоза наздик шаванд. Дар 90 дақиқаи бозӣ мо ягон имкони хуби голзанӣ надоштем. Иброҳим Рабимов дар нимаи аввал се бор бо сар тӯбро хато зад. Ва, билохира, дар нимаи дувум чаҳорумин бор тӯби бо сар задааш вориди дарвозаи меҳмонон шуд. Мо гуфта будем, ки гол мезанем, ниҳоят гол задем, вале ин пирӯзӣ ба мо ба осонӣ ба даст наомад.”

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Равшан"

6

5

0

1

10-5

15

2.

"Регар-ТадАЗ"

5

4

1

0

12-3

13

3.

айр"

6

3

2

1

11-7

11

4.

"Вахш"

5

3

1

1

7-2

10

5.

"Хуҷанд"

5

3

1

1

11-8

10

6.

"Истиқлол”

5

2

2

1

7-4

8

7.

“Истаравшан”

5

2

1

2

9-10

7

8.

ССКА “Помир”

5

2

1

2

7-8

7

9.

"Энергетик”

6

1

4

1

9-10

7

10.

"Зарафшон”

5

1

2

2

8-11

5

11.

“Парвоз”

6

1

1

4

11-13

4

12.

"Ҳосилот”

6

0

0

6

5-15

0

13.

"Гвардия”

5

0

0

5

2-13

0


Нишонзанҳои беҳтарин: Габриэл Донто (“Энергетик”), Индус Ҳусейнзода (“Хуҷанд”)- 5-голӣ, Хайрулло Ғайбуллоев (“Парвоз”) - 4 гол.

Бозии даври 5-ум
16-уми май, чоршанбе. Оғози бозӣ – 17.00

«Гвардия» - «Истиқлол». Душанбе, варзишгоҳи «Политехникум».

Даври 7-ум
19-уми май, шанбе. Оғози бозиҳо – 17.00


«Энергетик» - «Ҳосилот». Душанбе, варзишгоҳи «Автомобилист».
«Гвардия» - «Равшан». Душанбе, варзишгоҳи «Политехникум».
«Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

20-уми май, якшанбе. Оғози бозиҳо – 17.00

«Парвоз» - «Хайр». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
«Вахш» - «Зарафшон». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
ССКА «Помир» - «Истаравшан». Душанбе, варзишгоҳи «Политехникум».

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG