Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбакистон ба наздикии маркази зилзила бо Роғун ишора карданд


Дар Узбакистон заминҷунбии субҳи рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон то 4 дараҷаи ҷадвали Рихтер ҳис шуда ва нашрияҳои ин кишвар наздикии маркази онро ба Роғун далели нигарониҳои худ номидаанд. Расонаҳои интернетии Узбакистон навиштаанд, ки маркази зилзила дар 17-километрии шаҳри Роғун буда, эъмори сарбанди 336-метрӣ дар ин ҷо метавонад, тамоми минтақаро зери хатар қарор диҳад. Онҳо дар ин робита аз ҳушдори сардори раёсати Вазорати хоҷагии оби Узбакистон, Шариф Қучқоров ёд кардаанд, бо назардошти хатари заминҷанбӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғунро қатъ кунанд. Тоҷикистон бунёди ин нерӯгоҳро яке аз роҳҳои асосии рушди иқтисодӣ ва наҷот аз бӯҳрони энержӣ медонад. Бар асари заинҷунбии рӯзи якшанбе дар шарқи Тоҷикистон як нафар ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG