Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо дар дуроҳаи сабқати футбол дар Украина


Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе дар Бруссел тасмим хоҳанд гирифт, ки моҳи оянда дар калонтарин сабқати футбол дар Украина ширкат кунанд ё ба нишони эътироз онро таҳрим намоянд. Ҳолланд, ки бо Украина бозӣ дорад, аллакай гуфтааст, ба нишони эътироз аз бадрафторӣ бо Юлия Тимошенко дар маҳбас ягон намояндаи сиёсияшро ба Украина нахоҳад фиристод. Вале бархе дар Иттиҳоди Аврупо бар инанд, ки ширкат ё таҳримро ба ҳайси василаи додугирифт бо Киев баррасӣ кунанд. Сарвазири пешин Тимошенко гуфтааст, бемор аст ва пас аз латукӯби нозирони маҳбас гуруснашинӣ эълон кардааст. Вай бо иттиҳоми суистифода аз мансаб ба 7 соли ҳабс маҳкум шудааст, аммо мегӯяд, ин интиқоми рақиби интихоботияш, раисиҷумҳур Виктор Янукович аст.
XS
SM
MD
LG