Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, Ғарб бояд аз фишор худдорӣ кунад


Эрон қудратҳои ғарбиро огоҳ кард, ки истифодаи фишор метавонад, гуфтушуниди ҳастаии тарафҳоро баҳам занад. Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки ин нуктаро музокиракунандаи аршади ҳастаии Теҳрон Сайиди Ҷалилӣ дар дидор бо сарвазири пешини Фаронса Мишел Рокар матраҳ кардааст. Рокар дар ростои гуфтушуниди навбатии Эрон бо Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин, Фаронса, Бритониё ва Олмон 23-юми май дар Бағдод ба Теҳрон сафар кард ва мақомоти аврупоӣ гуфтаанд, ки муколама бо Эрон сабаби қатъи барномаи ҳастаии таслиҳотии ин кишвар хоҳад шуд. Ҷалилӣ аз мақомоти Ғарб хост, аз эъломияҳои ғайрисозанда дар арафаи гуфтушунид худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG