Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор нафар дар таркишҳои Ироқ


Дар силсилаи бомбгузориҳои зидди нерӯҳои амниятӣ дар Ироқ рӯзи якшанбе 4 нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти амниятӣ ва пизишкон мегӯянд, ин қатлҳо дар Фаллуҷа, Искандария, Ҳимрин ва Диёла ба вуқӯъ пайвастаанд. Хушунат дар Ироқ назар ба авҷи он дар солҳои 2006 ва 2007 ба маротиб коҳиш ёфтааст, аммо ҳамлаҳои ҷудогона ҳамоно рӯй медиҳанд. Бино бар омори расмӣ, дар моҳи апрел бар асари чунин ҳамлаҳо 126 ироқӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG