Пайвандҳои дастрасӣ

Фаластиниҳо пешниҳодҳои Нетаняҳуро нокифоя шумурданд


Фаластиниҳо мегӯянд, пешниҳодҳои дар мактуби исроилиҳо барои эҳёи гуфтушунид кофӣ нестанд. Исҳоқ Молхо, фиристодаи махсуси сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, номаи ӯро ба раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос расонд. Аббос мӯҳтавои номаро ба шӯрои Созмони Озодибахши Фаластин баён дошт ва аъзои шӯро онро рад карданд. Фаластиниҳо дар навбати аввал мехоҳанд, Исроил ҳама гуна шаҳраксозиро дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва шарқи Байтулмуқаддас қатъ кунанд ва марзҳои то ҷанги соли 1967-ро ба расмият бишиносанд.
XS
SM
MD
LG