Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки амрикоӣ 2 миллиард доллар зиён дид


Раҳбари JPMorgan Chase -- яке аз бузургтарин бонкҳои Иёлоти Муттаҳида, Ҷемӣ Даймон мегӯяд, моҳи апрел бо радди нигарониҳо аз шеваҳои додуситади бонк ба иштибоҳи сахт роҳ дод. Вай он вақт шикоятҳоро аз хариду фурӯши бонк дар бозор нодида гирифт ва онҳоро “тӯфон дар пиёла” номид. Дар натиҷа дар шаш ҳафтаи гузашта бонк 2 миллиард долларашро аз даст дод ва Даймон ҳоло ба хатои худ иқрор кард.
XS
SM
MD
LG