Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон дар нишасти ҷашнии ПАД ширкат мекунад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти ҷашнии Паймони Амнияти дастаҷамъӣ (ПАД) ба Маскав хоҳад рафт. Ин нишаст рӯзи 15 май, дар солгарди 20-уми таъсиси эътилофи низомии кишварҳои пасошӯравӣ ва солгарди 10-уми ташкили созмони ПАД доир хоҳад шуд. Сухангӯи паймон гуфтааст, ки дар нишасти Маскав роҳҳои муқобила ба чолишҳову таҳдидҳои ҷаҳонӣ баҳс хоҳад шуд. ПАД Арманистону Беларусу Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистонро муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG