Пайвандҳои дастрасӣ

Вилямс дар Мадрид бар Азаренка ғолиб омад


Серена Вилямс

Серена Вилямс

Серена Вилямси амрикоӣ дар даври ниҳоии мусобиқоти Madrid Open бар теннисбози беларус Виктория Азаренка бо натиҷаи 6:1 ва 6:3 ғолиб омад. Ин нахустин бохти Азаренка баъди пирӯзӣ дар 4 мусобиқоти қаблист. Пирӯзӣ дар Мадрид барои Вилямси 30-сола ғалабаи дувум дар мавсими имсола ва Ҷоми 41-ум дар собиқаи варзишиаш мебошад. Вилямс дар 13 рақобати охир шикаст нахӯрдааст.
XS
SM
MD
LG