Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Лашкаргоҳ ду сарбози Бритониёро куштаанд


Пулиси афғон дирӯз ду сарбози Бритониёро куштааст. Вазорати дифоъи Бритониё гуфт, нирӯҳои пулис дар улусволии Лашкаргоҳи вилояти Ҳилманд ин дуро вақте ба ҳалокат расондаанд, ки онҳо машғули таъмини амнияти як нишасти мақомоти маҳаллӣ будаанд. Нирӯҳои НАТО қаблан гуфт, ҳамлагарон чирикиҳо буда, либоси пулис ба тан карда буданд. Амо як мақоми аршади амниятии Ҳилманд баъдан гуфт, онҳо қариб як сол боз дар пулиси Афғонистон хидмат мекарданд.
XS
SM
MD
LG