Пайвандҳои дастрасӣ

Террори як узви Шӯрои олии сулҳи Афғонистон


Мавлавӣ Арсалоҳ Раҳмонӣ, узви Шӯрои олии сулҳи Афғонистон.

Мавлавӣ Арсалоҳ Раҳмонӣ, узви Шӯрои олии сулҳи Афғонистон.

Дар шаҳри Кобул, боз як узви калидии Шӯрои олии сулҳи Афғонистон кушта шуд.

Ба гуфтаи пулис, Арсалоҳ Раҳмониро субҳи якшанбе афроди ношинос дар ғарби Кобул дар мошинаш куштаанд.

Генерал Довуд Амин, муовини раиси пулиси Кобул гуфт: “Ҳамла субҳ дар рӯбарӯи манзилаш ва вақте рух дод, ки муҳофизонаш бо ӯ буданд. Ӯ ба шаҳодат расид. Мо ин хабарро гирифтем ва гурӯҳи баррасиро ба ҷои ҳодиса фиристодем.”

Арсалоҳ Раҳмонӣ собиқ муовини вазири таҳсилоти олии давлати Толибон буд, ки баъди суқути Толибон ба давлати Карзай пайваст ва вакили парлумон шуд ва акнун як музокиракунандаи асосӣ дар Шӯрои олии сулҳи 70-нафарӣ, ки раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ба хотири оштӣ бо ҷангиёни толиб ташкил додааст, маҳсуб мешуд. Қатли Раҳмониро як пасрафти Кобул дар талошҳои музокирот барои пайдо кардани ҳалли сиёсии ҷанг бо Толибон медонанд.

Ваҳиди Мужда, коршиноси афғон

Ваҳиди Мужда, коршиноси афғон

Таҳлилгари афғон Ваҳиди Мужда Арсалоҳ Раҳмониро аз ҷумлаи аъзои хеле муҳим ва таъсиргузори Шӯрои олии сулҳ хонда, гуфт: “Оқои Раҳмонӣ дар Шӯрои сулҳ раиси куммиссиюни зиндониён буд ва пешниҳод мекард касонеро, ки бояд аз зиндонҳо озод шаванд. Аз ҷумлаи касоне, ки бо пешниҳоди ӯ қарор буд, раҳо шаванд, ҳамон 5 раҳбари пешини Толибон буд, ки дар зиндони Гуантанамо ҳастанд.”

Мавлавӣ Арсалоҳ Раҳмонӣ аз шахсиятҳои барҷастаи ҷиҳодист, ки дар ҳаводиси беш аз 30 соли охири Афғонистон нақши умда дошт. Раҳмонӣ аз қабилаи харут ва зодаи улусволии Ургуни вилояти Пактикост ва ҳанӯз дар солҳои 70 ба гурӯҳи “Худомулфурқон”-и хонаводаи Муҷаддадӣ пайваст. Дар солҳои 80 дар канори муҷоҳидин ҷангид ва масъули раёсати низомии Ҳаракати инқилоби исломии Муҳаммаднабии Муҳаммадӣ буд.

Ваҳиди Мужда дар мавриди роҳи баъдии ҳаёти сиёсии Арсалоҳ Раҳмонӣ мегӯяд: “Дар замони ҳукумати муҷоҳидин дар Покистон масъули бахши сиҳҳат буд ва баъди суқути ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ, Раҳмонӣ аз ҷумлаи 50 нафаре буд, ки ба Кобул омаданд ва қудратро аз ҳукумати коммунистӣ ба худ таслим карданд. Дар замони ҳукумати ҳам Сибқатуллоҳ Муҷаддадӣ ва ҳам Бурҳонуддин Раббонӣ вазири иршод ва авқоф буд. Замоне ки Гулбуддин Ҳикматёр ба Кобул омад ва садри аъзам шуд, Раҳмонӣ муовини дувуми ӯ шуд. Дар аҳди Толибон ҳам муовини вазири маориф буд, вале худаш мегуфт, ки ман толиб набудам ва онҳо низ ба ҳамин далел маро дар зери дасти як ҷавони камсинне, ки корро намефаҳмид, муқаррар карда буданд.”

Дар моҳи сентябри соли гузашта Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ин Шӯро низ кушта шуд.

Дар моҳи сентябри соли гузашта Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ин Шӯро низ кушта шуд.

Ваҳид Мужда мегӯяд, дар пайи кушта шудани Арсалоҳ Раҳмонӣ ҳатман ангушти иттиҳом дигарбора ба сӯи Толибон баланд хоҳад шуд, вале баъид нест, агар ин сӯъиқасд ба мушкилоти шахсии ӯ, аз ҷумла ба моҷарои замине ки ӯ дар Кобул дошт, рабт дошта бошад. Толибон даст доштанаш дар ин ҳамларо радд мекунад, ҳарчанд қаблан мегуфт, ки музокиракунандагони сулҳро ҳадаф қарор хоҳад дод.

Раиси собиқи Шӯрои олии сулҳ Бурҳонуддин Раббонӣ ҳам моҳи сентябри соли 2011 дар натиҷаи як ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул аз тарафи нафаре, ки худро номарасони Толибон муаррифӣ карда, вориди манзили раисиҷумҳури собиқи Афғонистон шуда буд, кушта шуд. Қатли Раббонӣ боис шуд, ки давлати Карзай ангушти иттиҳом ба сӯи Толибон ва Покистон баланд карда, чанд муддат талошҳои музокира бо ин ҷунбиши чирикиро мутаваққиф кунад.
XS
SM
MD
LG