Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи се иқтисоди бузург ба тиҷорати озод


Вен Ҷибао
Вен Ҷибао
Чину Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ тавофуқ кардаанд, ки музокироти паймони тиҷорати озодро ба зудӣ шурӯъ кунанд. Ин тавофуқ имрӯз дар пайи мулоқоти раҳбарони 3 кишвар дар Пекин эълон шуд. Сарвазири Чин Вен Ҷибао хостори ҳамкории зичтари 3 кишвар дар муқобили чолишҳое шуд, ки иқтисоди ҷаҳонӣ дучор шудааст. Ӯ гуфт, буҳрони молӣ ҳанӯз паси сар нашудааст ва “дурнамои буҳрони қарзҳои Аврупо норӯшан аст.” Дар маҷмӯъ 20 фоизи иқтисоди ҷаҳонӣ ва 18,5 дарсади содироти ҷаҳонӣ ба Чину Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ марбут мешавад. Аммо ин се ҳамсояро сӯъиэътимоди сиёсӣ, саддҳои тиҷорӣ ва сиёсатҳои мухталифи сармоягузорӣ аз ҳам ҷудо мекунад.
XS
SM
MD
LG