Пайвандҳои дастрасӣ

Як кӯдаки шашсола дар Панҷакент қурбони сел шуд


Дар натиҷаи ҳамлаи сел дар ноҳияи Панҷакент як кӯдаки шашсола ҳалок ва 7 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти изтирорӣ, ин 8 нафар мехостанд аз сел паноҳ баранд, вале обу гил паноҳгоҳи онҳоро тахриб кардааст.Бар асари боришоти шадиди рӯзҳои 10 ва 11 май дар навоҳии Кӯлобу Мӯъминобод ва Қумсангир беш аз 300 манзил осеб дида, дар қисмати Норак як ярчи дарозиаш 100 ва бараш 30 метр шоҳроҳи Душанбе-Данғараро масдуд кардааст.
XS
SM
MD
LG