Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як узви калидии Шӯрои олии сулҳ кушта шуд


Арсалоҳ Раҳмонӣ

Арсалоҳ Раҳмонӣ

Афроди мусаллаҳ як узви калидии Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро куштаанд. Арсалоҳ Раҳмонӣ собиқ муовини вазири маорифи режими Толибон буд, ки ба музокирот пайваст ва қатли ӯ пасрафти Кобул дар роҳи талошҳои музокирот барои пайдо кардани ҳалли сиёсии ҷанг бо Толибон дониста мешавад. Пулис гуфт, Арсалоҳ Раҳмонӣ аз сӯи афроди ношинос дар ғарби Кобул дар мошинаш кушта шуд. Толибон даст доштанаш дар ин ҳамларо радд мекунад, ҳарчанд қаблан мегуфт, ки музокиракунандагони сулҳро ҳадаф қарор хоҳад дод. Раҳмонӣ яке аз 70 узви Шӯрои олии сулҳ буд, ки раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ба хотири оштӣ бо ҷангиёни толиб ташкил додааст. Ӯ баъди суқути Толибон ба давлати Карзай пайваст ва вакили парлумон шуд. Раиси собиқи Шӯрои олии сулҳ Бурҳонуддин Раббонӣ моҳи сентябри соли 2011 дар натиҷаи як сӯъиқасд дар Кобул кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG