Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як сокини Нуробод дар заминларза


Бар асари заминларзаи соати 4-у 28 дақиқаи субҳи имрӯз як сокини ноҳияи Нуробод ҳалок шудааст. Ба гуфтаи мақомот, маркази заминларза дар 152-километрии шимолушарқи Душанбе ва 20-километрии ҷанубушарқи ноҳияи Рашт буда, шиддаташ дар ноҳияи Рашт то 6 балл расидааст.Аммо созмони геологии Амрико маркази ин офатро тақрибан 100-километрии шимолушарқи Кӯлоб ва шиддаташро 5,7 балл ҳисоб кардааст. Наргис Нурова, сухангӯи Кумитаи ҳолоти фавқулоддаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Шоев Қудрат, сокини 59-солаи рустои Тандовчии ҷамоати Самсолиқ зери девори таҳоратхона ҷон бохтааст. Тоҷикистон аз минтақаҳои зилзилахез маҳсуб шуда, ҳарсол дар ин қаламрав то 3000 заминларза мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG