Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Носир Саидов мудири "Тоҷикфилм" шуд


Носир Саидов
Носир Саидов
Коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов мудири киностудияи миллии “Тоҷикфилм” таъйин шудааст. Носир Саидов коргардони филми “Қиёми рӯз” аст, ки дар чанд ҷашнвораи байналмилалӣ соҳиби ҷоиза шуд. “Тоҷикфилм” соли 1930 таъсис ёфта, дар замони СССР бештар бо филмҳояш дар бораи босмачиҳо маъруф буд. Вале баъди суқути Шӯравӣ ин студия дучори буҳрони шадид шуда, феълан дар сол ҳамагӣ чанд филми видеоӣ мебардорад.
XS
SM
MD
LG