Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози тарафдорони Тимошенко дар Киев


Садҳо нафар рӯзи шанбе дар Киев, пойтахти Украина, бо эътироз алайҳи режими Виктор Янукович ҳимояти худ аз раҳбари зиндонии мухолифин Юлия Тимошенкоро изҳор доштанд. Тазоҳургарон раҳоии Тимошенкоро, ки ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, талаб карданд. Евгения – духтари Тимошенко номаи ӯро қироат кард. Рӯзи ҷумъа раисиҷумҳури Литва Далия Грибаускайте дар пайи аёдат аз Тимошенко ҳамтои украиниаш Виктор Януковичро ҳушдор дод, ки Киев дар сурати идомаи нақзи ҳуқуқи Тимошенко ва мухолифони дигар метавонад худро дар “инзивоъ” аз боқии Аврупо қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG