Пайвандҳои дастрасӣ

Ташхиси ҳуввияти қурбониёни сониҳа оғоз мешавад


Бозмондаҳои Shukoi Superjet 100 дар маҳалли сониҳа

Бозмондаҳои Shukoi Superjet 100 дар маҳалли сониҳа

Рӯзи шанбе нахустин аҷсоди қурбониёни сониҳаи ҳавопаймои русии Superjet 100-ро барои ташхиси ҳуввият ба Ҷакарта- пойтахти Индонезия интиқол доданд. Мақомот мегӯянд, бозмондаҳои қурбониҳоро аз маҳалли душворгузари сониҳа пайдо ва дар 16 тобут ҷо кардаанд. Вазири ҳифзи сиҳҳат гуфт, дар баъзе тобутҳо бозмондаҳои қурбониҳои мухталиф ҷо шудаанд. Бар асари суқути Superjet 100 ҳангоми як парвози намоишӣ дар рӯзи 9 май ҳамаи 45 сарнишинаш кушта шуданд. Аксари қурбониён индонезӣ буда, 8 тан аз Русия , 2 нафар аз Итолиё ва якнафарӣ аз Фаронсаву Амрико низ аз ҷумлаи саворони ин ҳавопаймо будаанд. Иллати сониҳа ҳанӯз рӯшан нест, вале мақомоти Русия гуфтаанд, ба таҳқиқи эҳтимоли нақзи меъёрҳои амнияти парвоз пардохтаанд.
XS
SM
MD
LG