Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Хуан Мендес бо Рамазон Раҳимов


Гузоришгари вижаи СММ дар масоили шиканҷа Хуан Мендес рӯзи ҷумъа дар Душанбе бо вазири дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимов масоили ҳифзи ҳуқуқи боздоштшудагонро баҳс кардааст. Хуан Мендес, ки рӯзи 10 май вориди Душанбе шуд ва то 18 май инҷо хоҳад монд, қаблан бо муовини вазири хориҷа Маҳмудҷон Собиров низ мулоқот кардааст. Нахустин сафари гузоришгари шиканҷаи СММ ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки мавридҳои шиканҷаву бадрафторӣ дар маҳбасҳову боздоштгоҳҳои Тоҷикистон мояи нигаронии созмонҳои маҳалливу байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон шудааст .
XS
SM
MD
LG