Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлидоти имсолаи ТАЛКО 11,6 фоиз коҳиш ёфтааст


Тавлидоти ТАЛКО- бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон- дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ 11,6 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба навиштаи Ройтерс, ин ширкат дар 4 моҳ 97 863 тонна алюминий тавлид кардааст, вале умедвор аст, ки азсаргирии интиқоли гази Узбакистон иҷрои нақшаи солонаро ба ТАЛКО муяссар хоҳад гардонд. ТАЛКО, ки тавлидоти соли гузаштааш то 277 ҳазор тонна коҳиш ёфта буд, имсол тавлиди 332 500 тонна алюминийро дар нақша дошт. 45 дарсади даромади содиротии Тоҷикистон аз фурӯши фаровардаҳои ҳамин корхонаи воқеъ дар шаҳри Турсунзода ба даст меояд.
XS
SM
MD
LG