Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати СММ аз НАТО барои ҳимоят аз занони афғон


Ян Кубиш
Ян Кубиш
СММ аз аҳли нишасти ҳафтаи ояндаи НАТО хост, то барои ҳимояти ҳуқуқи зан дар Афғонистон то хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар поёни соли 2014 иқдомҳое рӯи даст бигиранд. Ян Кубиш, фиристодаи хоси СММ дар Афғонистон гуфт, дар пасманзари талоши оштии Кобул бо Толибон ва омодагии НАТО ба хуруҷи нирӯҳояш пешрафтҳои 10 соли охир дар бахши таҳсилу амнияти занони афғон метавонад аз даст биравад.
Ин баёнияи Кубиш як бахши изҳороти муштараки дафтари СММ дар Афғонистон ва барномаҳои занону нуфусшумории СММ буд. Як мавзӯъи нишасти рӯзҳои 20 ва 21 майи сарони НАТО дар Чикагои Амрико кумак ба нирӯҳои амниятии Афғонистон ва пуштибонӣ аз ҳуқуқи инсон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG