Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз Рӯзи Шашмақом дар Тоҷикистон


Фурқати Саид

Фурқати Саид

Рӯзи 12 май дар Тоҷикистон аз Рӯзи Шашмақом таҷлил карданд. Шашмақом як навъи мусиқии классикии тоҷикист, ки дар байни мардумони дигари Осиёи Марказӣ низ маъруф аст. Рӯзи Шашмақом дар Тоҷикистон аз соли 1999 таҷлил мешавад. Фурқати Саид, раҳбари ансамбли давлатии мақомхонон ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари мутрибону хонандагони ин дастаро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки аломати алоқаи насли ҷавон ба ин навъи мусиқии классикист. Дар замони Шӯравӣ ҳамаи таронаҳои Шашмақом ба риштаи адвор(нота) кашида шуд.
XS
SM
MD
LG